Таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои истифодаи захираҳои табиии кишвар
Душанбе, 02.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Муовини якуми сардори Сарраёсати геология Р. Бахтдавлатов ва ҳамоҳангсози лоиҳа А. Гулмадшоев дар кори ҷаласаи шӯрои директорон оид ба лоиҳаи «Афзун намудани самараи истифодаи захираҳои табиии барои беҳбуди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Эспои Финляндия баргузор гардид, иштирок доштанд.
Дар ҷаласа натоиҷи татбиқи лоиҳаи соли 2015 ва нақшаи тадбирҳо барои соли 2016 муҳокима шуд. Лоиҳаро, ки барои се сол пешбинӣ шуда, соли 2017 анҷом меёбад, Финляндия маблағғузорӣ мекунад. Дар хошияи лоиҳа барои истифодаи захираҳои табий таҷҳизоти махсус ба Тоҷикистон фиристода, ҳамтоёни Финляндия мутахассисони тоҷикро таълим медиҳанд.
Тоҷикистон захираҳои бепоёни табиӣ дошта, мақсад аз лоиҳаи мазкур истифодаи самарабахши захираҳои обу замин, ҳифзи захираҳои табиӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






