Таҷлили Рӯзи милитсия дар «Кохи Ваҳдат»

Ноябрь 10, 2015 04:00

Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Ин лаҳзаҳо дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ- Рӯзи милитсия бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ботантана ҷараён дорад.
Давлату Ҳукумати кишвар  барои  таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи мунтазам зоҳир менамояд.
Тавре ки ба ҳама маълум аст, соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон барои мо сарвати гаронбаҳотарин маҳсуб мешавад, зеро он таҷассумгари орзуву умеди чандинасраи халқи тоҷик мебошад.
Зикр кардан зарур аст, ки кормандони милитсия барои  барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шуҷоатмандиву далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар хатми чорабинӣ як зумра кормандони пешқадами ин ниҳод барои корнамоӣ ва садоқатмандона иҷро намудани вазифаи хизматӣ бо ифтихорномаҳо ва рутбаҳо сарфароз мегарданд.
Дар ҷамъомад барномаи фароғатӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар ва гурӯҳи ҳунарии «Сипар»-и назди ВКД пешкаши аҳли нишаст мегардад. 

 

Ноябрь 10, 2015 04:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид