Таҷлили Рӯзи Сарқонун ва иди касбии милитсия дар РВКД Суғд
Хуҷанд, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба ҷашни 21- солагии Рӯзи Конститутсия ва 98-умин солгарди таъсиси мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид ва дар он ҳайати шахсӣ, собиқадорон, иштирокдорони таҳкими сохти конститутсионӣ, оилаҳои кормандоне, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” корманди хадамоти иттилоотии раёсати мазкур Муҳсин Юсупов хабар дод, роҳбарияти мақомоти милитсия ва собиқадорон дар пояи Муҷассамаи хотиравии кормандоне, ки зимни таҳкими сохти конститутсионӣ фавтидаанд, гулчанбар гузоштанд.
Сипас дар толори раёсат маҷлиси ҷашнӣ доир гардид, ки дар он сардори раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон номаи шодбошии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамроро қироат намуда, иштирокдорони чорабинии идонаро ба муносибати 21-солагии Сарқонуни кишвар ва фарорасии Рӯзи милитсия табрик намуд.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ собиқадорон ва кормандон, ки дар фаъолияти фаврӣ-хизматиашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, дар фазои тантанавӣ ифтихорномаву сипоснома, маблағҳои пулӣ, рутбаҳои навбатӣ ва нишонҳои сарисинагӣ супорида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






