Таъйини ҷазо барои кумаки бевосита дар амалисозии фаъолияти экстремистӣ
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар). — Тибқи маълумоти сомонаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд М. М. бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 307 қисми 2 -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси талаботи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазо аз рӯи маҷмўи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ, бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш пурзўр таъйин кард.
Номбурда охирҳои моҳи августи соли 2008 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафар карда, баъди 2 ҳафта бо дастур ва кумаки молии амакаш Мусулмонқулов Фарҳод Раҳмонқулович барои гирифтани таълими динӣ ба давлати Мисри Араб сафар намуда, дар Маркази таълимии «Халил» муддати 11-моҳ забони арабиро омӯхтааст. Ин даъфа М.М. ба шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карда, дар донишгоҳи «Дорул-улуми-Зоҳидон» таълимоти динӣ гирифта, моҳи сентябри соли 2010 ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргашта, бо воситаи шабакаи байналмилалии интернет ба сомонаҳои «Аҳли сунна», «Шайх-Муҳаммад-Арифи», «Шайх Муҳаммад Ҳасан», «Шайх Муҳаммад Рослан», «Шайх Мустафо Адавӣ», «Шайх Муҳаммад Иброҳим», «Шайх Пурдил» ва сомонаи «aqeedeh.com» ворид шуда, ба дигар истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ низ ҳангоми бурдани баҳсҳои динӣ ва ақидавӣ ин саҳифаҳои сомонаҳоро ирсол кардааст, то ки онҳо китобҳои дар сомонаҳои номбаршуда ҷойшударо хонанд.
М.М. моҳи июни соли 2011 дубора ба шаҳри Қоҳираи Мисри Араб, ба назди як узви фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ — Қурбонов Музафархон Юлдошевич бо тахаллуси «Шайх Музафар» барои гирифтани таълимоти динии террористӣ-экстремистӣ равон гардидааст. Номбурда фикру ақидаҳои иттиҳодияҳои террористӣ ва экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва дигар равияҳои экстремистию террористиро тарафдорӣ намуда, супориш гирифтааст, ки барои саҳмгузорӣ дар иштирок намудан барои ҷиҳод бар зидди сохти конститутсионии ҳамаи давлатҳои дунё, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмон додани давлати исломии шариатӣ дар шакли Хилофат, бояд дар ҳудуди шаҳри Маскави Федератсияи Русия барои аъзо ва ҷалбшудагони иттиҳодияҳои ҷиноятии мазкур раводид ва дароз намудани муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷии онҳоро, ки дар давлатҳои Миср, Афғонистон, Покистон фаъолияти ҷинояткоронаи худро давом медоданд, кумак расонад.
Бо ин мақсад номбурда аз солҳои 2012 — 2014 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия амру супоришҳои Қурбонов М.Ю.-ро иҷро намуда, ба воситаи шабакаи Интернет ба шахсоне, ки Қурбонов М.Ю. аз ҳисоби ҳамақида ва ҳамшариконаш ба назди ӯ мефиристонид ва ё ҳуҷҷатҳояшонро ба воситаи почтаи электронӣ ба ӯ равон мекардааст, ки аксарияташон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, раводиди давлати Мисрро гирифта, ба онҳо чиптаи тайёраи самти Маскав-Хургадаро дастрас намудааст. Минбаъд ин шахсон ба давлатҳои Мисру Покистон, Арабистони Саудӣ ва Афғонистон сафар карда, ба фаъолияти экстремистию террористӣ машғул шудаанд. Бо ҳамин ҳаракатҳояш ӯ ба аъзо ва шахсони навҷалбшудаи иттиҳоди террористӣ ва эсктремистии “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», ки фаъолияти он аз 30-юми марти соли 2006 ва «Ҷамоати Ансоруллоҳ», ки фаъолияти он аз 3-юми майи соли 2012 дар асоси ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудаанд, кумаки бевосита барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистиашон расонидааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






