Такмили дониши журналистони ВАО-и давлатӣ дар АНМН
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Пагоҳ, 12 ноябри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар барои намояндагон Васоити ахбори оммаи давлатӣ таҳти унвони «Такмили дониши журналистони ҷавони ВАО-и давлатӣ ва кормандони марказҳои матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мавзӯи вобаста ба назорати муомилоти маводи нашъаовар мавод омода месозанд» семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.
Ин тасмим аз ҷониби АНМН барои иҷрои банди 16 «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар бораи «Омодасозӣ ва омӯзонидани намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки масъалаҳои нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухадирро инъикос менамоянд» ва «Истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятии истеъмоли маводи мухадирро радкунанда» роҳандозӣ шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






