Ташрифи аъзои Парлумони Аврупо ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории парлумонӣ
Душанбе, 04.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Намояндагони Осиёи марказии Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 6 ноябри соли 2015 ташриф меоранд. Ба ҳайати намояндагӣ 8 вакили Парлумони Аврупо (ПА) шомиланд, ки намояндагони гурӯҳҳои асосии сиёсии Парлумони Аврупо мебошанд.
Мақсади асосии сафар — гузаронидани ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории парлумонӣ, ки таҳти раёсати Ивета Григуле (ПА) ва Шариф Раҳимзода (Маҷлиси намояндагон) доир мешаванд, мебошад.
Дар чорчӯбаи ташриф, намояндагии Парлумони Аврупо як силсила вохӯриҳоро бо мансабдорони ҳукуматии олимақом ба нақша гирифтааст. Мувофиқи рӯзномаи корӣ вохӯриҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пешбинӣ шудаанд. Инчунин намояндагии Парлумони Аврупо бо намояндагони ташкилоти байналмиллалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо ба нақша гирифтааст








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






