«Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсонӣ»-симпозиуми илмӣ
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ 12 ноябри соли равон Симпозиуми байналмилалии илмию коршиносона дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсонӣ» баргузор хоҳад шуд.
Ҳадафҳои симпозиум- ин баррасии рушди ояндаи дарозмуддати ҶТ, мубоҳисаҳои коршиносона оид ба самтҳои калидии рушд, пешниҳоди шароити муфид барои мубоҳисаи асоснок ва мубодилаи афкор оид ба ҷанбаҳои калидии рушди сармояи инсонӣ, дастгирӣ ва пешбурди ташабусҳое, ки ба таъмини самаранокии дигаргуниҳои иқтисодӣ дар доираи сармояи инсонӣ равона шудаанд, мусоидат ба рушди механизмҳои ҳамкории мақомоти идоракунандаи давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди устувори инсонӣ мебошад.
Симпозиум шомили ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳо дар чор бахш хоҳад буд, ки дар онҳо маърӯзаҳои коршиносон, намояндагони вазоратҳои соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҷанбаҳои калидии рушди устувори инсонӣ садо хоҳанд дод.
Дар назар аст, ки дар доираи ҷаласаҳои симпозиум масъалаҳои сиёсати ҷавонон, нобаробарии иқтисодӣ ва рушди инсонӣ, амнияти инсонӣ, камбизоатӣ ва сиёсати давлатии мубориза бо камбизоатӣ баррасӣ шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






