Тоҷикистон неруи бузурги содиротӣ дорад

Ноябрь 17, 2015 04:33

Душанбе,17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки истифодаи неруи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ хабар доданд, ноиби ректор оид ба илми донишкада Ғиёсиддин Ашуров зикр намуд, ки иқтисодиёти замони муосир аз кулли кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон тақозо мекунад, ки маҳсулоти худро дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ ба берун барорад. Ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров дар мавзӯи «Татбиқи имконоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, афзуд, ки Тоҷикистон неруи бузурги содиротӣ дошта, беш аз ҳама, қувваи барқ, алюминий, пахта ва маҳсулоти нассоҷӣ ба хориҷи кишвар содир  мешавад. Агар солҳои шӯравӣ танҳо ба кишварҳои узви Иттифоқи Шӯравӣ робитаи тиҷоратӣ ба роҳ монда шуда бошад, имрӯз Тоҷикистон бо 100 давлати ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад. Масалан, ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2008   21 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми бештари содироти мол аз Тоҷикистон ба кишварҳои Туркия, Федератсияи Русия, Эрон, Афғонистон рост меояд. Ҳанӯз ҳам имкониятҳои фаровони истифоданашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр аст. Масалан, метавонем гардиши савдоро бо Ҷумҳурии Исломии Покистон то 500 миллион доллар афзоиш диҳем, зеро ҳар қадаре, ки содирот бештар сурат гирад, имконияти бештари воридот ва гардиши тиҷоратӣ ба миён меояд. 
Дар конфронс  дар мавзӯъҳои «Ҷабҳаҳои назариявии истифодаи захираҳои обӣ дар шароити Осиёи Марказӣ», «Шарикони стратегии Тоҷикистон дар доираи содирот»,  «Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин» маърӯзаҳо шунида шуданд. 

Ноябрь 17, 2015 04:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад