Тоҷикистону Покистон омодаанд бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи якҷоя баранд

Ноябрь 12, 2015 11:28

Душанбе 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз, 12 ноябр таъкид гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳар ду кишвар доранд. Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф омодагӣ ва ҳавасмандии ҷиддии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ изҳор намуданд. Роҳбарони ду кишвари дӯст зикр карданд, ки  барои расидан ва таҳким бахшидан ба амну субот дар Афғонистон татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳиму зарур мебошад. Тоҷикистону Покистон ҷаҳду талош хоҳанд кард, то бо татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ амну субот дар Афғонистон пойдор гардад. Мусоидати ду кишвар ба истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Покистон ва ба нафъи тамоми минтақа мебошад, зеро имконияти хуберо барои татбиқи ҳар чӣ бештари барномаҳои минтақавӣ фароҳам меоварад.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақаву ҷаҳон минбаъд низ тақвият меёбад.

Ноябрь 12, 2015 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд