Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекунанд
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). – «Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд», — омадааст дар Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.
Дар Паёми телевизионӣ таъкид гаштааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишварамон парчамро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ медонанд ва эҳтиром мекунанд. Дар робита ба ин, қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






