То оғози даври интихобии мусобиқоти Осиё – 2016 оид ба футзал ду рӯз мондааст

Ноябрь 12, 2015 05:06

Душанбе, 12.11.15. (АМИТ «Ховар»). – То  оғози  даври  интихобии   мусобиқоти  Осиё – 2016  оид ба  футзал дар  Минтақаи  марказӣ,  ки  аз  14 то  16  ноябр  дар  шаҳри  Хуҷанд  баргузор  мегарданд,  ду  рӯз  мондааст.
Дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон,  Қирғизистон,  Туркманистон ва  Афғонистон барои  дарёфти  ду  роҳхат ба мусобиқоти  Осиё – 2016,  ки  аз  10  то  21  феврали  соли оянда   дар  Ӯзбекистон баргузор  мешавад,  қувваозмоӣ  менамоянд. Маҷмаи варзишии  «Қасри  варзиш»,  ки  бозиҳо дар  он  сурат  мегиранд,   ба  қабули  варзишгарон  пурра  омода  аст. 13 ноябр  дар  Шаҳри  Қайроқум бахшида ба  оғози  даври  интихобии  мусобиқоти Осиё – 2016 машварат  ва нишасти  матботӣ  баргузор  мегардад.
Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  14  ноябр бо  дастаи  Афғонистон,  15  ноябр  бо  дастаи  Туркманистон ва   дар  даври  хотимавӣ  бо  дастаи  мунтахаби Қирғизистон вомехӯрад.

Ноябрь 12, 2015 05:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид