Туҳфа аз номи Президент ба капитани милитсия Дилшод Зокиров
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Бахшида ба Иди касбии милитсия вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба корманди Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД, капитани милитсия Дилшод Зокиров аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишнок тақдим намуд.
Ин туҳфаро дирӯз вазири корҳои дохилӣ зимни аёдати ӯ дар Беморхонаи Раёсати тиббии ВКД супорида, ҳамчунин аз аҳволи ӯ ва кормандони бемор бохабар гардид.
Вазири корҳои дохилӣ зимни аёдат бо капитани милитсия Дилшод Зокиров ҳамсуҳбат шуда, ӯро бо Иди касбии кормандони милитсия табрик намуд.
Ҳамчунин ба ин муносибат бо фармони вазири корҳои дохилӣ падари корманди Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД капитани милитсия Дилшод Зокиров — Зокиров Муродалӣ, ки худ собиқадори милитсия мебошад, бо медали ҷашнии «Милитсияи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Дар идома аз номи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ба беморону маҷрӯҳон як миқдор маводи хӯрокӣ, доруворӣ ва маблағи пулӣ расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






