Туркия ҳавопаймои ҳарбиеро, ки сарҳади ҳавоиро ғайриқонунӣ убур кард, зада афтонд
Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ҳавопаймои ҳарбии дар марзи Туркия ва Сурия суқут карда аз ҷониби НҲҲ Туркия зада шудааст. Дар ин бора Reuters иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои CNN Turk, ду сарнишин худро аз ҳавопаймо раҳо кардаанд.
Тавре ки сарчашмаи ҳарбии Туркия ба Reuters нақл кардааст, ҳавопаймои F16S НҲҲ-и Туркия ҳавопаймои бегонаро, ки марзи ҳавоии Туркияро ғайриқонунӣ убур мекард, зада афтонд.
«Ҳавопаймои афтонидашуда ба кадом давлат тааллуқ дорад ҳоло маълум нест»,-хабар медиҳанд сарчашмаҳои туркӣ. Он дар кӯҳҳои сарҳади Туркия бо Сурия суқут кардааст. Бино ба иттилои Reuters, пеш аз зада афтонидани ҳавопаймо F16-и Туркия онро аз убури ғайриқонунии сарҳади ҳавоӣ огоҳ кард.
Дар навбати худ CNN Turk бо такя ба сарчашмаи худ иттилоъ медиҳад, ки яке аз сарнишинон аз ҷониби туркманҳои Сурия, ки дар мавзеи суқути ҳавопаймо зиндагӣ мекунанд, дастгир шудааст.
Сарвазири Туркия Аҳмад Довутоғлӯ вазири корҳои хориҷии Туркияро муваззаф кардааст, ки бо НАТО, СММ ва кишварҳои бо онҳо алоқаманд вобаста ба ҳаводиси ахир дар марз бо Сурия машварат гузаронад. Дар ин бора «Reuters» бо истинод ба изҳороти дафтари Сарвазир иттилоъ медиҳад.
Бино ба хабари Би-Би-Си, дар ҳудуде, ки ҳавопаймо суқут кардааст, қувваҳои ҳавоии Русия ва Сурия ба ифротиёни исломӣ зарба мезаданд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки ҳавопаймои СУ-24-и суқуткарда, моликияти Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия буда, дар қаламрави Сурия зада шудааст.
Бино ба тафсири ҷониби Русия, ҳавопаймои СУ-24-и суқуткарда аз замин зада шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи ФР хабар медиҳад.
Бино ба изҳороти Вазорати мудофиа, ҳавопаймо дар баландии 6000 метр қарор дошт.
Сарнавишти сарнишинон муайян шуда истодааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ба сарнишинон муяссар гардидааст, ки раҳоӣ ёбанд.
«Ҳамчунин ҳолати суқути ҳавопаймои Русия муайян шуда истодааст. Вазорати дифои Русия изҳор медорад, ки дар давоми парвоз ҳавопаймо комилан дар ҳудуди Сурия қарор дошт. Ин аз ҷониби дастгоҳҳои назоратии объективӣ сабт шудааст», — мегӯянд аз Вазорати мудофиаи Русия.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






