Қурби миёнаи солонаи сомонӣ нисбат ба доллар дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ гардид

Ноябрь 19, 2015 11:56

Душанбе,19.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар  «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ бо афзоиши воқеӣ ба андозаи  7% ба маблағи 57,7  миллиард сомонӣ барои  соли 2016,   меъёри таваррум дар сатҳи 7% ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ- сомонӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 6, 96 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. 
Шариф Раҳимзода- раиси кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» гуфт, ки дар Буҷети давлатӣ барои соли 2016  ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ,  аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо ва қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар қарзҳои давлатӣ,  инчунин  маблағҳои махсуси ташкилоти  буҷетӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Бояд зикр кард, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои соли 2016 18, 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба соли равон 3 миллиарду 27 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ё 19,8 % зиёд аст. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли оянда 18 миллиарду 594 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба  соли равон 3 миллиарду 52 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Шариф Раҳимзода афзуд, ки новобаста  аз мушкилоти мавҷудаи бӯҳрони молиявӣ дар лоиҳаи  буҷети  давлатӣ ба маблағгузории  бахши иҷтимоии кишвар диққати махсус дода шудааст. Ҳаҷми умумии хароҷоти бахши иҷтимоӣ дар Буҷети соли оянда 8 миллиарду 328 миллион сомонӣ буда, нисбат ба соли ҷорӣ 581,4 миллион сомонӣ зиёд аст. 
Инчунин дар соли 2016 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба ММД  0,5% ё 288, 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки пӯшонидани он  аз  ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷамъиятӣ ба маблағи 25 миллион сомонӣ,  даромад аз ҳисоби фурӯши векселҳои хазинадорӣ 90 миллион сомонӣ, қарз аз Фонди авруосиёии стаблизатсия ва рушд 132,9 миллион сомонӣ, аз ҳисоби депозитҳои ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷет, ҷалби маблағҳои қарзию грантии  барномавӣ  34,4 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. 
Ш.Раҳимзода таъкид кард, ки вобаста ба вазъи ногувори иқтисодии кишварҳои шарики тиҷоратии  Тоҷикистон ташаккули буҷет ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои   иқтисодӣ каме мушкил мешавад. Агар  мо ба ММД бо баҳодиҳии асъорӣ назар намоем, он нисбат ба соли 2015 кам мешавад, ки ин дар навбати худ ба нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодӣ,  ба монанди ММД ба ҳар сари аҳолӣ ва ҳиссаи қарзи берунии давлат дар ММД,  ки бо асъори хориҷӣ баҳогузорӣ мешаванд, таъсири манфӣ мерасонад. Масалан ҳиссаи қарзи берунӣ дар ММД аз 19,6% -и имсола то 27% афзоиш меёбад.  Мавсуф афзуд, ки моро зарур аст  кӯшиш ба харҷ диҳем, то нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ дар  соли 2016 босифат ва барзиёд  иҷро гардида, рушди иқтисодиёти кишвар ва маблағгузории  соҳаи иҷтимоӣ  таъмин гардад. Дар шароити вазнини иқтисодӣ таъмини  истифодаи  самараноки маблағҳои буҷетӣ вазифаи дигарест, ки  дар назди сохторҳои дахлдор ва мо, вакилон истодааст  ва бояд аз уҳдаи  иҷрои он бароем, таъкид кард раиси кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии Парлумони кишвар.

Ноябрь 19, 2015 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад