USAID: Ду лоиҳа ба соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустии вилояти Хатлон равона гардидааст

Ноябрь 20, 2015 04:21

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).-Барои панҷ соли ояндаи ҳамкории Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон, яъне то соли 2020 ду лоиҳа аз ҷониби директори агентӣ Кэтлин Макдоналд дар мулоқоти ӯ бо раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муаррифӣ гардид.  Лоиҳаҳои тарҳрезишуда ба соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустии вилоят равона гардидаанд. 
Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз ҳамкории муваффақона ба роҳбарон ва дастандаркорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки пайваста ҳамкорӣ ва кумаки беғаразонаи хешро дареғ намедоранд, изҳори сипос намуда афзуд, ки мо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои тозаэҷод хушбин ҳастем, зеро ин лоиҳаҳо на танҳо ба мардуми Хатлон, балки ба мардуми он сӯи марз, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, барои беҳ гардидани  рӯзгорашон кумак менамоянд.
Ҳамчунин раиси вилоят оид ба таъминот бо оби нӯшокӣ, полезӣ, бунёди бунгоҳҳои ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир, боз ҳам васеъ намудани доираи ҳамкорӣ якчанд пешниҳоди ҷолибро ба миён гузошт, ки аз ҷониби намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пазируфта шуд.

Ноябрь 20, 2015 04:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа