В. Путин сарнишини ҳалокшудаи СУ-24-ро бо унвони Қаҳрамони Русия сарфароз гардонид

Ноябрь 25, 2015 12:57

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар») .- Сарнишини ҳалокшудаи ҳавопаймои СУ-24, ки ҳавопаймои Туркия онро 24-уми ноябр дар Сурия сарозер кард, пас аз вафот бо унвони Қаҳрамони Русия сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора фармони Президенти ФР Владимир Путин ба имзо расид.
«Барои қаҳрамонӣ, ҷасорат ва шуҷоате, ки подполковник Пешков Олег Анатолйевич ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ нишон дод, бо унвони Қаҳрамони Федератсияи Русия (пас аз вафот) сарфароз гардонида шуд»,- зикр шудааст дар фармоне, ки хадамоти матбуоти Кремл интишор кардааст.
Ҳамчунин «Барои нишон додани ҷасорат, шуҷоат ва фидокорӣ ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ» капитан Константин Мурахтин (штурмани ҳавопаймои сарозершудаи СУ-24) ва маллоҳ Александр Позинич пас аз вафот (аскари пиёдаи баҳрӣ, иштирокдори амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ) бо ордени «Ҷасорат» мукофотонида шуданд..
Чанде қабл иттилоъ дода шуд, ки штурмани ҳавопаймои сарозершудаи СУ-24-и Русия зимни амалиёти неруҳои таъйиноти махсуси Сурия ва Русия пайдо гардида, шаби 25-уми ноябр ба пойгоҳи ҳавоии Хмеймим оварда шуд. Бино ба баъзе маълумот, саринишин зимни фуруд омадан бо парашут аз ҷониби силоҳбадастон кушта шудааст. 

 

Ноябрь 25, 2015 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид