«Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ»-мусобиқа ба ифтихори Рӯзи милитсия

Ноябрь 4, 2015 05:54

Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар баҳри рушди соҳаи варзиш пайваста кӯшиш бар он доранд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо толору майдончаҳои варзишии замонавӣ таъмин намуда, бобати ба камол расонидани варзишгарони ҷавон дар байни кормандони мақомот ва шаҳрвандони кишвар  мунтазам озмуну мусобиқаҳои гуногунро баргузор намоянд.
Тибқи иттилои Кароматулло Абдуллоев, корманди ин ниҳод ҷанде пеш байни ҷузъу томҳои ВКД кишвар бахшида ба Рўзи милитсия таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» мусобиқаи шоҳмот ва шашка баргузор гардид. Дар мусобиқа  кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, сардори шуъбаи алоқаи Сарраёсат, лейтенанти калони хизмати дохилӣ Ҷамшед Саидов, радиоалоқачии нуқтаи алоқаи қисми мустақили 11-уми ҲХДО, сержанти хизмати дохилӣ Сабримоҳ Гулхайрова ва радиоалақчии нуқтаи алоқаи қисми мустақили 26-уми ҲХДО РХДО шаҳри Душанбе,  сержанти хизмати дохилӣ Давлатбахт Шафиева ҷойи аввалро ишғол намуда, сазовори Ҷом ва ифтихорномаҳо гардиданд. 

Ноябрь 4, 2015 05:54

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд