ВКД: Ҳодисаҳои дуздии маблағи пулӣ

Ноябрь 13, 2015 06:27

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, сокини 25-солаи ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 9 ба 10-уми ноябри соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ оинаи мошини шахсиаш- тамғаи Опел-Астра-ро, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, шикаста, аз дохили он 3900 доллари ИМА-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар гумонбарӣ ба ҷинояти дуздии мазкур сокини 17 солаи ш.Хуҷанд, донишҷӯ,дастгир карда шуд. 
Ҳамчунин зимни як чорабинии фаврии дигар кормандони милитсия бо гумони дуздӣ ду сокини 24 ва 27-солаи ноҳияи Фархорро дастгир намуданд. Муайян шуд, ки гумонбаршудагон 10 ноябри соли равон  бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи зани 43-солаи сокини ноҳияи Фархор шуда, аз он ҷо 3730 сомонӣ пули нақдашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

 

Ноябрь 13, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа