ВКД: Вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти «Кумак ҳангоми сӯхтор»

Ноябрь 9, 2015 03:19

Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-6-уми ноябри соли равон  вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти байналмилалии бритонии  «Кумак ҳангоми сӯхтор» доир гардид. Дар он муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ Иброҳимзода Нозим, сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Абдуллозода Зумрад, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» Алфред Вилсон, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» Ҳабибулло Мирзораҳимов иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти расонидани кумак ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ, дигар ҳолатҳои фавқуллода, пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш ва паст намудани сатҳи фавт ва осеб дидани одамон, хусусан наврасону ҷавононро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ роҳбари ташкилоти байналмилалии «Кумак ҳангоми сӯхтор» Алфред Вилсон иброз дошт, ки ташкилоти онҳо омода аст бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкориро ба роҳ монда, кумаки худро дар кори омода намудани таҷҳизоти техникии оташнишонӣ, ёрии аввалини тиббӣ, баргузории тренингҳои омӯзишии кормандони оташнишонӣ ва тиб расонад. 
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.
Ҳамчунин намояндагони ташкилоти байналмилалии «Кумак ҳангоми сӯхтор» ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар маросими ба ин ниҳод супурдани таҷҳизоти техникӣ ва дигар лавозимоти самти оташнишонӣ ва тиббӣ, аз қабили  либоси муҳорибавӣ, таҷҳизоти наворбардорӣ ва ёрии аввали тиббӣ, инчунин сертификатҳои хатми тренингҳои омӯзишӣ оиди истифодаи таҷҳизотҳои мазкур аз ҷониби кормандони СХДО ВКД иштирок намуданд.
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филлотт хатмкунандагони тренингро барои омӯзиши муваффақона табрик намуда, гуфт, ки бовар дорад ин таҷҳизот барои наҷоти ҷабрдидагон мусоидат менамоянд. Дар оянда низ чунин ҳамкорӣ идома ёфта, доираи кумакҳои техникӣ васеъ  мешавад.

Ноябрь 9, 2015 03:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад