Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум бахшида ба Рӯзи милитсия

Ноябрь 9, 2015 04:52

Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 9-уми ноябр бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия бо ташаббуси роҳбарияти  Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ташкил шуд, ки дар он ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ  пешкаши харидорон гардиданд. Нархи меваю сабзавот, аз ҷумла себу ангур, ноку хурмо, пиёзу картошка, каду, караму сабзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум: орд, равған, биринҷ, нахӯд, гӯшту тухм, асал, кабудӣ дар муқоиса бо нархи бозор 50 фоиз арзонтар буданд. Барои мисол нархи ҳама намуд сабзавот 1 сомонӣ, 1 кило гӯшт, асал — 20 сомонӣ,  донагӣ 4 сомонӣ, як қуттӣ тухм 13 сомонӣ, 1 килограмм себу нок бо нархи 2 сомонӣ пешниҳод гардиданд.
Харидорон барои ташкили чунин ярмарка ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз  иқдоми пешгирифта дар арафаи ҷашни касбии кормандони милитсия хушҳол гаштанд.

Ноябрь 9, 2015 04:52

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд