Зафаробод: Чорабинӣ доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ
Зафаробод, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ»- чунин унвон дошт чорабиние, ки аз ҷониби кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки донишҷӯёни Коллеҷи политехникии ноҳия доир гардид. Дар вохӯри 150 донишҷӯю омӯзгорони муассисаи номбурда ширкат намуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти маҳаллии ноҳия хабар доданд, намояндагони кумитаи ҲХДТ дар ноҳия аз пайвастани ҷавонони кишвар ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои тундрави террористиву ифротгароӣ мисолҳои равшан оварда, оид ба хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.
Ҳамзамон оид ба сабаб ва омилҳои баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва воқеаҳои 4-уми сентябри соли равон, ки дар пойтахти кишвар рух доданд, ба аҳли нишаст маълумоти муфассал доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






