Занони Хатлон ба сафир аз фаъолияту зиндагии худ нақл карданд

Ноябрь 12, 2015 05:09

Душанбе, 12.11.15. (АМИТ «Ховар»). – Сафири Британияи  Кабир  дар  Тоҷикистон Ҳю Филпотт дар  доираи  лоиҳаи «Некӯаҳволӣ  ва  таъсири  занон» — и  Бунёди  наҷоти  кӯдакон ба  ноҳияҳои  Вахш  ва  Хуросони  вилояти  Хатлон  сафар  кард. 
Сафир   дар  ҷараёни  сафараш  бо  занони  маҳаллӣ  мулоқот  анҷом  дода,  бо  лоиҳаҳои  марбут  ба  беҳдошти   шароити  манзилӣ  ва   сатҳи  зиндагӣ  дар ноҳияҳои  мазкур   шинос  шуд.
Ҳю Филпотт  дар  водии  Вахш аз  коргоҳи  дӯзандагӣ, ки дар  он  беш  аз  100  нафар  занон   кор  мекунанд, боздид  намуд. Занони  коргоҳ  ба  меҳмон аз  фаъолияти  худ бо  камоли  ифтихор   нақл  карданд. 
Сафир ҳамчунин  дар  ноҳияи  Хуросон бо  омӯзгорону  хонандагони  мактаби №50  суҳбат  намуд. 

Ноябрь 12, 2015 05:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид