А.Меркел: Олмон масъалаи густариши иштирокаш дар муборизаи зидди ДИ — ро ҳанӯз муҳокима карданӣ нест
Душанбе, 14.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Олмон ба муборизаи зидди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» саҳм гузошта, вале масъалаи густариши иштироки низомиёнаш дар мубориза бо ДИ — ро муҳокима карданӣ нест, — изҳор дошт канслери ҶФО Ангела Меркел зимни суханрониаш тавассути шабакаи телевизионии ZDF.
«Ман ҳис кардам, ки ИМА чун Фаронса, Британияи Кабир ва кишварҳои дигар тасмими моро дар мавриди расонидани ёрии фаъолона ба муборизаи зидди ДИ дар Сурия ҳам маъқул ёфтанд», — гуфт сарвари ҳукумат зимни посух ба саволи хабарнигор дар мавриди он, ки оё вай талабҳои нав талабҳои нави иттифоқчиёнашро аз ҶФО интизор аст, ё не.
«Фикр мекунам, ки саъю кӯшишҳои мо дар Ироқ (фиристодани аслиҳа ва тарбияи ҷанговарони ҷузву томҳои низомии курдҳо) имкон доданд, ки аз ҳоло хеле муваффақ шавем», — изҳор дошт Меркел.
«Мо иштирокамонро дар мубориза бо ДИ дар ҳамон шакле, ки Бундестаг маъқул ёфта буд, давом медиҳем, — гуфт канслер. — Олмон саҳми худро мегузорад ва, ба назари ман, ҳоло мо набояд дар бораи масъалаҳои нави марбут ба ин сухан ронем».
Рӯзи шанбе маҷаллаи Der Spiegel хабар дод, ки ИМА Олмонро даъват менамояд, ки иштироки Бундесвер (қувваҳои мусаллаҳи ҶФО) — ро дар амалиёти зидди ДИ вусъат бахшад.
Мувофиқи маълумоти маҷалла, ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер ба ҳамтои олмониаш Урсула фон дер Ляйен мактуб ирсол дошта, хоҳиш намуд, ки Бундесвер дастгирии низомии иттифоқчиёнро дар Ироқ ва Ҷумҳурии Араби Сурия вусъат бахшад.
4 декабр парлумони ҶФО иштироки Бундесвер дар амалиётҳои низомӣ дар Сурияро иҷозат дод. Теъдоди умумии ҳарбиёни Бундесвер, ки метавонанд дар он иштирок намоянд 1,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мӯҳлати иштироки онҳо бо як сол маҳдуд шудааст, вале ин мӯҳлат метавонад тамдид шавад. Дар амалиёти ҳарбӣ ҳавопаймоҳои қиркунандаи «Торнадо» киштӣ ва тайёраҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ иштирок менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






