Ҷаҳонгардӣ: пешрафтҳо ва монеаҳо

Декабрь 8, 2015 11:14

Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Сайёҳиву ҷаҳонгардӣ мисли истихроҷи нафт ва истеҳсоли  мошин аз соҳаҳои сердаромади иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Илова бар ин, рушди ин соҳаҳо дари ҳамкории нави тиҷоратиро ба рӯи кишварҳои гуногуни олам боз карда, боиси дарёфти шарикону дӯстони нав мегардад. Ҷаҳонгардӣ ба одамон имкони васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, пайдоиши ғояҳои нав ва барқарору беҳтар намудани саломатиро фароҳам меорад.   Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Роҷеъ ба ин мавзӯъ бо  Абдукарим Қурбонов, сармутахассиси Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ҳамсуҳбат шудем, ки инак фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем:

«Ховар»:  Дурнамои рушд ва тараққиёти туризм дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

А. Қурбонов: Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ҷалби туристони хориҷӣ ба кишвар, пеш аз ҳама, фазои ҳуқуқии воридот ва будубоши онҳо нақши муҳим мебозад. Дар ин ҷараён, аз соли 2008 ин ҷониб бо ташаббуси бахши туризми кумита ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрӣ-ҳукуқӣ барои сода намудани ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои ҳуқуқии соҳаи туризм қабул гаштаанд.

         Аз ҷумла, қабули «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ба инкишофи ояндаи соҳаи туризм ва истифодаи самарабахши захираҳои мавҷуда мусоидат менамояд.

         Дар ин самт як силсила муваффақиятҳо ба даст оварда шуданд. Ин ба имзо расидани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифӣ намудани имкониятҳои туризми дохилӣ дар соли 2015 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм мебошад.

«Ховар»:  Кадом намуди туризмро метавонем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф диҳем?

А. Қурбонов: Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфношуда арзёбӣ менамоянд.

Пурсишҳое, ки мо анҷом додем, аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби туристони хориҷӣ афзалият ба навъҳои туризми экологӣ, кўҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ дода мешавад.

Дар раванди рушди туризми таърихию фарҳангӣ мавҷудияти осори ғании ниёгони тоҷик, ҷойгиршавии беш аз 2000 ёдгории таърихии ба қайд гирифташуда ва онҳое, ки барои шомил гаштан ба феҳристи объектҳои ҳифзшавандаи ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд, мусоидат менамоянд. Бо мақсади инкишофи туризми фарҳангӣ дар водии Зарафшон ва минтақаи Бадахшон бо ҷалби маблағҳои шарикони байналмилалӣ, яке аз  намудҳои муосири самт — туризм дар заминаи ҷамъиятҳои маҳаллӣ, яъне ташкили меҳмонхонаҳои хурд дар асоси манзилҳои истиқоматии деҳотӣ татбиқ гашта истодааст.

«Ховар»:  Хусусияти инкишофи туризми берунӣ ва мушкилоти  он кадомҳоянд?

А. Қурбонов: Таҳлилҳо собит сохтанд, ки аз 90 ширкати амалкунанда 37 ададаш бо туризми содиротӣ машғул буда, шумораи боқимонда танҳо дар самти ҷалб кардани туристони хориҷӣ ба кишвар фаъолият карда истодаанд.

Субъектҳои хоҷагидори соҳа, ки дар самти туризми содиротӣ, яъне сафарбар намудани шаҳрвандони мамлакат ба хориҷа машғуланд, вазифадор гаштанд, ки маҳсулоти туристии навро барои ворид намудани шаҳрвандони хориҷӣ, ба ҳайси турист таҳия ва татбиқ намоянд.

Ҳоло дар маҷмўъ ба туристон зиёда аз 50 хатсайри туристӣ ба самтҳои гуногуни кишвар пешниҳод мешавад.

Инчунин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 90% туристони ватанӣ, ки ба хориҷа сафар менамоянд, тоҷирон маҳсуб мешавад ва бинобар сабаби сода будани дастрасии раводид ба мамлакатҳои асосии ташрифот, аз ҷумлаи Аморати Муттаҳидаи Араб (ш.Дубай), Ҷумҳурии Халқии Хитой (ш. Урумчӣ) ва Ҷумҳурии Исломии Эрон (ш.Машҳад), инчунин зарурат ба ташкили пешакии чиптаҳои ҳавопаймоӣ, қабул дар фурудгоҳ, иқомат дар меҳмонхона ва хизматрасониҳо оид ба интиқоли боэътимоди молу маҳсулоти онҳо ба кишвар, шаҳрвандони ватанӣ аз хизматрасониҳои ширкатҳои туристӣ истифода менамоянд.

«Ховар»:  Барои инкишоф додани туризми дохилӣ ва  пешрафти он кадом имкониятҳо мавҷуданд? 

А. Қурбонов: Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди туризми дохилӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Бо ташаббуси бевоситаи кумита дар доираи амалӣ намудани «Нақшаи чорабиниҳо оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017» як силсила чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ  барои  пешрафти туризми дохилӣ, аз қабили  беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар кишвар бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ  ва ҳашари ҷумҳуриявии ниҳолшинонии ҷавонон таҳти шиори «Рушди туризми экологӣ» баргузор шуданд.

         5 апрели соли 2015, дар доираи амалӣ намудани «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017», Нақшаи чорабиниҳо оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 “Рўзи умумиҷумҳуриявии тамошои осорхона ” доир гардид. Мақсади чорабинӣ саҳмгузорӣ ба хотири ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷавонону наврасон, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакат мебошад.

         «Ховар»:  Шумораи сайёҳон нисбат ба солҳои пеш чӣ қадар афзудааст?

         А. Қурбонов: Дар нўҳ моҳи соли 2015 ба кишвар 274 ҳазору 908 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд. Аз ин нишондод 240 ҳазору 566 нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ мегарданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 240 ҳазору 566 туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 120  млн. 283 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст. Дар нўҳ моҳи соли 2014 ин нишондод 166 185 туристи хориҷиро ташкил медод, ки ба иқтисодиёти мамлакат 83 миллиону 92 хазору 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 74 381 нафар турист зиёд мебошад.

 

«Ховар»:  Чуноне ки мо медонем, 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе гӯшаи электронии иттилоотӣ дар терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои  расонидани маълумоти туристӣ ба меҳмонони хориҷӣ ташкил шуд. Таблиғот ва мавқеи он дар рушди соҳаи туризм чӣ гуна аст?

А. Қурбонов: Барои ҷалби мунтазами гурўҳҳои туристони нав ба кишвар муаррифии захираҳои бойи туристии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонии соҳавӣ аҳамияти калон дорад.

         Маротибаи навбатӣ аст, ки дар доираи «Барномаи рушди туризм дар давраи солҳои 2015-2017» ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии захираҳои бойи туристии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маводи иттилоотии туристӣ аз мавзеъҳои тамошобоби кишвар ба миқдори 4430 адад  пешниҳод шуд.

Маводи ҷудогаштаи туристӣ ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа пешниҳод мешаванд ва барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи туристони хориҷӣ ба Тоҷикистон боис мегарданд.

Барои ташкили гўшаи иттилоотии туристӣ, ҷиҳати расонидани маълумоти иттилоотии туристӣ ба меҳмонони хориҷӣ 27 январи соли 2015 дар терминали фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанду Кўлоб 2 телевизор насб гардид. Ҳамчунин 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе гӯшаи электронии иттилоотӣ дар терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои расонидани маълумоти иттилоотии туристӣ ба меҳмонони хориҷӣ ташкил  шуд.

   Албатта, дар шароити рақобати шадид дар бозори туристии ҷаҳонӣ барои ҳар як турист, мамлакатҳои минтақа кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз фурсати ҳузур надоштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори хизматрасониҳои туристӣ истифода бурда, гардиши потенсиалии туристонро ба манотиқи худ ҷалб намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ барои рушди туризми фарҳангию таърихӣ, иқтидори бойи табиӣ ҷиҳати пешрафти туризми экологӣ ва имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат дар ҷодаи инкишофи туризми варзишию кўҳнавардӣ ва муносибати некхоҳонаи аҳолӣ ифода мегардад.

Дар ин ҷода, кумита дар якҷоягӣ бо ширкатҳои туристӣ дар доираи салоҳияти худ бо назардошти афзудани шавқи туристон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Осиё , Амрико, ба вижа Русия ба ҷумҳурӣ ва қонеъ намудани талаботи рўзафзуни онҳо маводи иттилоотӣ оид ба Тоҷикистон, барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолибро омода намуда, ройгон ба дўстдорони сайру саёҳат паҳн намуда истодааст.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муаррифии захираҳои туристӣ бо назардошти диққати махсус ба мундариҷа ва сифати иттилооти пешниҳодшаванда дар арсаи байналмилалӣ ифода меёбад.

Дар ин раванд, кумита барои тарғибу ташвиқи захираҳо ва имкониятҳои туристии кишвар дар хориҷа, инчунин барои иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои туристӣ, ки майдони асосии тамоми мулоқоту гуфтушунидҳо ва дарёфти шарикони нави ҳамкор маҳсуб мешаванд, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуда истодааст.

Ба ақидаи коршиносон қариб 60 — 70 дарсади сайёҳон бо ибтикори худ ё дӯстон ба кишвари мо ташриф меоранд. Дар сурати хуб меҳмондорӣ шудан ва таассуроти нек бардоштан, онҳо ҳатман дӯстону шиносонашонро барои сафар ба Тоҷикистон ҳидоят месозанд.

Таҷриба собит месозад, ки дар сурати идома додани тадбирҳои пайгирона бобати таблиғу ташвиқи захираҳои туристӣ ва муаррифии пайвастаи имкониятҳо шумораи туристони хориҷӣ афзоиш ёфта, барои ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ  ва дорои табиати зебову нотакрор, қуллаҳои баланду сарбафалаккашида ва ёдгориҳои таърихию бостонист, қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад. Мутмаинем, ки минбаъд  ташрифи сайёҳон зиёд гашта, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна ва  рушди иқтисодиёти миллӣ таъмин мегардад.

Декабрь 8, 2015 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад