А.Қурбониён: «Президенти Тоҷикистон дар байни мардуми кишвар обрӯи баланд дорад»

Декабрь 28, 2015 05:35

Душанбе, 28.12.15. (АМИТ «Ховар»). — «Мақоми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  таърихи  навтарини  Тоҷикистон беназир аст. Вай  дар  байни  мардуми  кишвар обрӯи  баланд дорад»,  —  гуфт  вазири  молияи  ҶТ  Абдусалом  Қурбониён зимни  суханрониаш  дар  ҷараёни  маҷлиси  ботантана   бахшида ба  муҳокимаи Қонун «Дар  бораи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ — Пешвои  миллат».
Вазир   ҳамчунин   изҳор  дошт, ки  лоиҳаи қонуни  мазкур  ба  манзури  таҳкими  асосҳои  конститутсионии  кишвар,  истиқлолият  ва тамомияти арзӣ,  ягонагии Ватан,  мавҷудияти  ояндаи  давлатдории Тоҷикистон,  таҳкими  демократия,  таъмини  рушди  иқтисодӣ  ва иҷтимоию  фарҳангӣ,  ҳифзи  арзишҳои  таърихии  давлатдории  миллӣ ва такомули  озоди ҳар  инсон  аст. 
Дар  ҷаласа  ҳамчунин  кормандони  вазорат   сухан  карда, лоиҳаи  қонунро, ки  9 ва  18  декабри  соли равон  аз  ҷониби ҳар  ду  палатаи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷонибдорӣ  гардид, дастгирӣ  намуданд.

 

Декабрь 28, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд