Қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.
Ӯ гуфт, ки таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва пешвоёни миллат дар кишварҳои дигари дунё низ вуҷуд дошта, аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳояшон ҳеч осеб надидааст.
«Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва ватани мо хизмати бузург кардааст. Ӯ ба ин эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзи ин дастовардҳо ниёз доранд», — тазаккур дод Ш. Зуҳуров.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






