«Адолати судии конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» аз чоп баромад
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Натиҷаи кори Конфронси байналмилалӣ, ки бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионӣ дар шаҳри Душанбе 17-18 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, роҳбарон ва намояндагони гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ баргузор гардида буд, дар шакли китоби алоҳида «Маводи конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии ҶТ дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» рӯи чоп оварда шуд, ки он суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо се забон ва маърӯзаҳои дигар иштирокдорони конфронсро дар бар мегирад.
Дар китоб дар радифи маърӯзаҳои чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дар он матраҳгардида, хулоса ва тавсияҳои конфронси душанбегӣ оид ба рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ бо се забон оварда шудаанд, ки муқаррароти он ба ташаккули фаъолияти минбаъдаи мақомоти назорати конститутсионӣ, рушди қонунгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.
Маводи Конфронси байналмилалӣ ба зиёда аз чил кишвари ҷаҳон, мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, муассисаҳои олии таълимӣ ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ ирсол мешавад.
Мутолиаи маводи конфронси байналмилалӣ барои шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолият ва салоҳияти густурдаи мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои мухталифи хориҷи кишвар ва назарияи конститутсионализм мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






