Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Маскав доир мешавад
Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Маскав таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.
Тавре ки дар дафтари матбуоти СААД хабар доданд, масоили имрӯзаи сиёсати байналмилалӣ ва тадбирҳо барои ҷилавгирии ситезаҷӯиҳо ва хавфу хатар ба минтақаи амнияти дастаҷамъии СААД мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ Дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок менамояд.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД лоиҳаи қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи «Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи муқовимат ба терроризми байналмилалӣ» маъқул ёфта шавад. Лоиҳаи мазкур худи ҳамин рӯз дар ҷаласаи пешорӯи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Кремл баррасӣ мешавад. Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи ҷойивазкунии мансабдорони мақомоти кории доимоамалкунандаи СААД — ро низ дар бар мегирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






