Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Остона

Декабрь 21, 2015 11:55

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 21 декабри соли 2015 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ф.Могеринӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода  роҳбарӣ намуд.
Зимни ҷаласа иштирокдорон як зумра масъалаҳоро, аз ҷумла  Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Вазирон дар маҷмӯъ оид ба аҳамияти муносибати Иттиҳоди Аврупо ба минтақа, ки на танҳо кӯмаки молиявии бисёрҷонибаро дар бар мегирад, ҳамчунин кумаки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ташкилоти молиявии Аврупо, аз ҷумла Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро эътироф намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштарак қабул намуданд.

Декабрь 21, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст