Ҷамъбасти фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин»
Душанбе, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон шудани соли 2015 «Соли оила» Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин»- ро ба роҳ монд.
Ба иттилои мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова, давоми 3- моҳ дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо марҳилаи якум ва дуюми фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин» баргузор гардид, ки мақсад аз он пойдор намудани оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии оилаҳо мебошад.
Ҳамчунин ба гуфтаи Маҳбуба Азимова дар озмуни мазкур аъзои ҳакамонро намояндагон аз Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуданд ва аз байни нуҳ оилаи ҷавон оилаи Ҷӯрабековҳо аз шаҳри Ваҳдат соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Тибқи иттилои масъулин фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин» бори аввал дар байни оилаҳои ҷавон ба роҳ монда шуда, он дар сатҳи баланд баргзор гардид .








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






