Ҳамоиш: “Терроризм ва экстремизм-зуҳуроти хатаровар”

Декабрь 22, 2015 03:52

Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар факултети физикаю техникии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров чорабинии тарбиявӣ бахшида ба қабул гардидани Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва роҷеъ ба масъалаҳои терроризму ифротгароӣ бо иштироки прокурори калони шуъбаи назорати судии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлия Фаррух Абдулло, мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯён  баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети физикаю техника Раҳим  Назаров доир ба ҷонибдорӣ гардидани Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” маълумот дод.
Шавкат Шарипов, дотсенти кафедраи таърихи ватани факултети таърих ва ҳуқуқ аз хидматҳои шоёни Президенти кишвар дар тӯли 24-соли мавҷудияти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳарф зада, иброз намуд, ки маҳз бо саъю талош, кӯшишҳои суботкоронаи фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистони мо аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ ёфта, имрӯзҳо дар радифи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон қарор дорад.
Фаррух Абдулло,  прокурори калони шуъбаи назорати судии вилояти Суғд зикр намуд, ки пешгирии ҳар гуна ҷиноятҳои номатлуб, шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии онҳо аз амалҳои террористиву ифрротгароӣ ва ба роҳи рост ҳидоят кардани ҷавонон вазифаи ҳар як фарди солим аст. Дар маърӯза таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм-зуҳуроти хатаровар” роҷеъ ба фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар роҳи мубориза бар зидди ҳар гуна зуҳуроту амалҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонон ва пешгирии ин ҳодисаҳо бо далелҳои мушаххас маълумот пешниҳод гардид.

Декабрь 22, 2015 03:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад