Ҷанбаҳои боло бурдани маърифати экологии хонандагон
Душанбе, 22.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар мактаби №6-и шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Табиат-шоҳасари нодир» баргузор гардид. Дар он омӯзгори фанни ҷуғрофия С. Зиёбоева дар мавзӯи «Ҷанбаҳои боло бурдани маърифати экологии хонандагон» ва омӯзгори фанни санъати тасвирӣ Т. Абдуқаюмова дар мавзӯи «Коркарди дубораи партов дар дарсҳои технология ва санъати тасвирӣ» сухан гуфтанд.
Шогирдони мактаб оид ба муҳофизати об ва табиат гуфтору ҳикматҳои бузургонро қироат карданд. Тавассути слайд манзараҳои нотакрори кишвари азизамон — Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Саҳнаи адабӣ бо номи «Қадри об» хеле хотирмону таъсирбахш буд. Директори мактаб Ҳ. Юсуфов баргузории чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас муҳим арзёбӣ кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






