Андешаҳои ҷавонон вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»

Декабрь 17, 2015 03:25

Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9-уми  декабри соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид. Вобаста ба ин ҷавонони фаъоли тоҷик аз дохилу хориҷи кишвар ҷонибдорӣ ва ҳамовозии худро ба қонуни мазкур иброз медоранд. Дар зер андешаи чанде аз ҷавононро, ки дар донишгоҳҳои гуногуни дохилу хориҷ таҳсили илм мекунанд, меорем. 
Ҷамъахони Бобохон, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Ҳусрав мегӯяд, ки: Қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- ин рамзи нек аст, зеро воқеан роҳбари давлат тавонист тоҷиконро бо ҳам сарҷамъ созад ва Точикистони маҳбубро ба ҷаҳон муарифӣ намояд.
Мансур Шоев, як тан аз ҷавонони фаъоли пойтахт андеша дорад, ки: 
қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», пеш аз ҳама, барои боз ҳам муттаҳид кардани ҷавонон ва умуман тамоми қишрҳои ҷомеа нақши калон мегузорад. Чун муттаҳидии миллати тоҷик, ваҳдату озодӣ, истиқлолияти комил, аз байн бардоштани ҳамаи мушкилот дар замони пуртазоди даҳсолаи охири асри гузашта маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва гирд омадани мардум дар атрофи ӯ падид омада буд. Қонуни мазкур барои таҳкими садсолаҳо пойдор мондани ваҳдати миллӣ дар шароити ҳассоси хатарҳои чаҳонӣ нигоҳ доштани оромии кишвар ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ заминаи хубе мегардад. Ҳар нафаре, ки бо маърифати воқеӣ ба пешрафти давлату ҷомеаи Тоҷикистон назар кунад, аз қабули чунин як қонун беихтиёр шод мегардад. 
Ҳамчунин дар ин замина  донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии ш. Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Рухшонаи Шералӣ гуфт, ки:  «Ояндаи ин Ватан, ин миллат ва ин мардуми муттаҳиду сулҳпарвар дурахшон аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Ман ба ҷавонони бонангу номус, ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорам. Бо онҳо ифтихор мекунам, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи фаъолияти созанда ҳастанд». Бо бовари комил гуфта метавонам, ки мо ҷавонони вилояти Хатлон бо кору заҳмати пурмаҳсул худро ба оламиён ҳамчун миллати бофарҳанг, баору номус, мушкилнописанд ва созандаву бунёдкор муаррифӣ менамоем. Мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. 
 «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати милӣ- Пешвои миллат» хеле муҳим ва зарурӣ мебошад, зеро Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист тамоми мардуми кишварро сарҷамъ ва муттаҳид намуда, барои пешрафту тараққиёти кишвар тамоми заминаҳоро фароҳам оварад. Дар ҳақиқат Ҷаноби Олӣ ҳамчун шахси оқилу донишманд, ватанпарвару меҳанпараст, сазовори чунин мақом мебошад. Ин ҳама заҳмату меҳнатҳои ӯ барои пешрафту ободонии ватани мо мебошад»,- гуфт донишҷӯи курси 3-ми Донишгоҳи технологии шаҳри Маскави Федератсияи Русия Қурбонзода Ҳасан. 
Нозимҷон Бобоев, аспиранти соли 3-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Русия аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда мегӯяд, ки:
Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1991  ба саҳнаи сиёсат нахустин қадамҳои худро ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон гузошта, сониян Президенти кишвар интихоб гардид. Ӯ ҳамчун марди шуҷоъ дар аввалин баромадҳояш ба мардуми шарифи кишвар қавл медод, ки ман ба Шумо сулҳ меоварам ва охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан бармегардонам. Ва ин корро анҷом дод. Чунин хислатҳои ҷавонмардии ӯ буд, ки соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид ва дар мамлакати мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо шуд. Аз ин лиҳоз ҳамчун як ҷавони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоям, аз ҷониби вакилони мардумӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ мекунам. 
Наҷмудинов Шарифбек, раиси донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Иркутски Русия, намояндаи Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва донишҷӯи курси якуми магистратураи Донишгоҳи давлатии забонҳо дар шаҳри Иркутск андешаҳояшро чунин баён намуд:
«Воқеан ҳам иқдом боиси хушнудии ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, зеро Пешвои миллат   Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз парокандагӣ, аз гурезагию  гуруснагӣ ва аз ҳама муҳимаш, аз беватанӣ наҷот дод. Ӯ барои ҳимоя ва пойдории сулҳу Ваҳдат ва муттаҳидии Тоҷикистон худро сипар кард, ки ин амали ҷавонмардонаро таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Тоҷиконе, ки дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, хусусан ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро хуб истиқбол намуда, аз чунин иқдоми шоиста ва наҷиб изҳори хушнудӣ намуданд.

 

 

 

Декабрь 17, 2015 03:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд