Аз 834 довталаби кор дар мақомоти агентӣ 71 нафар аз озмун гузашт

Декабрь 15, 2015 04:41

Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти мамлакат қабули санҷиши довталабонро барои ишғоли вазифаҳои холии агентӣ ба таври тестӣ анҷом дод.  Ҳадаф аз баргузории озмуни шаффоф ва холисонаю воқеъбинона таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок буд. 
Барои ишғоли мансабҳои холии агентӣ моҳи августи соли равон тавассути ВАО ва Агентии хизмати давлатӣ озмун эълон шуд, ки дар он 834 шаҳрванд хоҳиши иштирок кардан намуд. Аз ин теъдод 71 нафар аз озмун гузашт ва то моҳи ноябри соли равон 67 нафари онҳо дар мақомоти агентӣ ба вазифаҳо таъйин шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Декабрь 15, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид