Аз таърихи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2015 02:33

Душанбе, 9.12.15. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 9декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мешавад.
Коррупсия ба мисли таърих қадимӣ буда, яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяассар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин падидаи номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд. 
    Коррупсия- ришвахӯрӣ рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, аз ин рӯ, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам ҳам  бошад, батадриҷ, хароб мекунад. 
    Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахориро, ки яке аз омоли касифи инсонист, зери танқид гирифтаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахӯриву ришваситонӣ реша бар умқи асрҳо дорад. 
    Дар қарни ХХ1 низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст. Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокдор кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. 
    Конвенсия ҳуҷҷате мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолият ба танзим медарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардид, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар мебошад ва қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд. Қобили зикр аст, ки ин иқдом мавриди пай дар пай татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат қарор дошта, ба ҷараёни умумимиллии ислоҳоти қонунгузорӣ ва муқовимати коррупсия табдил гардид. 
    Вобаста ба ин санаи таърихӣ муддати 9 сол мешавад, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим доир намуда, таҷлили ин санаи байналмилалиро бо гузаронидани конфронсу машғулиятҳои илмию назариявӣ, чорабиниҳои таблиғотӣ, баргузории вохӯриҳо бо хизматчиёни давлатӣ, хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ мутобиқ ба талаботи Конвенсияи СММ ба таври мунтазам ба роҳ мондааст. 
    Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ бо мушкилоти коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо, агар аз паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буданд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро наметавонист ба ташвиш наорад, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ рӯйи кор омаданд ва барои мубориза бо коррупсия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. 
    Дар арафаи рӯзи  истиқлолияти Тоҷикистон, баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима додан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯ ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набударо, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем ва пурқувватӣ ва абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, ошкоро мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад». Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт. Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Бо ин тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, ӯҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид. Ҳамчунин, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Сипас, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ қабул карда шуд. Чун идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ миқдори вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам карда шуданд. 
    Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.       Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013  «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд, ки татбиқи он идома дорад. Минбаъд низ фаъолияти агентӣ барои дар амал татбиқ сохтани сиёсати миллӣ дар соҳаи мубориза ба коррупсия, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат, дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо ва ғайра пурзӯр карда шуд. 
    Дар асоси «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯиистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ шаванд. Бо ишора ба тавсияи омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки то кунун ҳеҷ кишваре дар мубориза бо ин падидаи номатлуб пурра муваффақ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ гардиши яксолаи дороиҳои ғайриқонунӣ ё худ коррупсиониро дар ҷаҳон баробар ба 600 миллиард доллари амрикоӣ ё зиёда аз он арзёбӣ намудааст. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳол вусъати ин падидаи номатлуб дар рушди иқтисоди кишварҳо бетаъсир нахоҳад буд. 
    Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ минбаъд низ дар амалисозии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти махсус дода, аз ҳамаи воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд ва бо ин роҳ шаффофияти фаъолияти худро таъмин мегардонад. 
    Дар сарсухани конвенсияи СММ дар ин бора омадааст, ки «коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷои рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ, ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад, боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад ва болоравии эхтимолияти дур мондани онро аз ҷомеа замина гузошта, дар натиҷа асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимиятро зери хатар мегузорад, обрую нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ ба пастравӣ оварда, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан ва коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд, дар натиҷа ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари калони таллофинашаванда расонида мешавад, самаранокии иқтисоди бозорӣ якбора паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста гашта, сатҳи камбизоатӣ афзун гардида, шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад. Аксарияти иштирокдорони муносибатҳои коррупсионӣ сарчашма ва ҳатто фармоишгари ҷиноятҳои нисбатан хатарнок, ба мисли кушторҳои фармоишӣ ва терроризм мебошанд, мақомоти ба коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, гурӯҳи мансабдорони фасодкорро бо соҳибкорон муттаҳид менамояд, ки дар натиҷа имконияти воридшавӣ ба ҳокимияти сиёсӣ ва ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада (софкории пул) шароит фароҳам меояад. 
    Аз ин рӯ коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал мегардад. Иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта дар натиҷа қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад ва маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор проблемаҳои буҷавии кишварро афзун менамоянд, нархҳои фурӯши чакана ва яклухт аз ҳисоби хароҷоти иловагии коррупсионӣ, яъне санҷишҳои назоратии беасос гарон мегарданд, ки ин ба бадшавии ҳолати моддии истеъмолкунандагон, иқлими сармоягузорӣ ва пастравии истеҳсолот оварда мерасонад, ба болоравии сатҳи камбизоатии қисми зиёди аҳолӣ мусоидат намуда, ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад».

Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Эркинҷони Ҷӯра 

 

Декабрь 9, 2015 02:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 4901 гектар шолӣ кишт намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон густариш медиҳанд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 91 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид