Ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб кардани занону духтарон
Хуҷанд, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар вилояти Суғд барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла адрасу атласбофӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд, ки он ба раванди эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон таъсири мусбати худро мегузорад.
Ҳоло дар 101 ҷамоати шаҳраку деҳоти вилоят марказҳои таълимию истеҳсолӣ ташкил шуда, дар онҳо 316 дастгоҳи адрасу атласбофӣ насб гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми 11 моҳи соли 2015 мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 27 135 нафар шаҳрвандро ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтааст, ки қисмати муайяни он омӯзиши ҳунарҳои мардумиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба омӯзиши ҳунари қолинбофӣ 1051 нафар, сӯзанидӯзӣ 328, адрасу атласбофӣ 870 нафар, қуроқдӯзӣ 70 нафар, гулдӯзӣ 80 нафар ва зардӯзӣ 132 нафар занону духтарон ҷалб гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






