Барраси масоили танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳузури муовини сарвазир
Душанбе, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз дар назди муовини сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 маҷлис доир гардид.
Дар рафти маҷлис зикр гардид, ки Кумита оид ба корчхои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои талаботи қонуни мазкур корҳои зиёдеро анҷом дод. Аз ҷумла, кормандони Кумита дар ин самт дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 55 семинар ва мулоқотҳо гузарониданд.
Аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Кумита дар соли ҷорӣ 69 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, беш аз 80 ҳолати содир намудани қонуншиканӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ карда шуд. Дар ин давра онҳо 80 маротиба рейд гузаронида, рафти беш аз 700 маъракаи шаҳрвандонро назорат намудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






