Баррасии ҳалли бӯҳрони Сурия дар мулоқоти Путин бо Керри

Декабрь 16, 2015 03:40

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 15 декабр Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керриро, ки бо сафари корӣ дар Маскав қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба авзои кунунии ҷаҳон, бахусус бӯҳрони Сурияро баррасӣ намуданд. 
«Мо мебинем, ки Шумо барои ҳалли як қатор мушкилоти бисёр тезу тунд кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Шумо огоҳед, ки мо бо Шумо фарҷоми бӯҳрони тезу тундро меҷӯем», — гуфт дар оғози суҳбат П. Путин ва илова намуд, ки вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ба ӯ дар бораи пешниҳодҳои Амрико ва баъзе масоили баррасишаванда гузориш додааст, аммо масъалаҳое ҳаст, ки муҳокимаи иловагиро талаб мекунанд.
Ҷон Керри дар навбати худ гуфт, ки ИМА ба таваҷҷуҳи Путин барои ҳалли бӯҳрони Сурия арҷ мегузорад. «Мо аз музокирот бо ҷониби Русия пешрафти воқеӣ дар мавриди қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ва иҷрои созиши сулҳ дар Украинаро интизорем», — гуфт Котиби давлатии ИМА.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров зимни мулоқот бо Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар шаҳри Маскав 15 декабр гуфт, ки танзими бӯҳрони Сурия таваҷҷуҳи доимии Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро талаб мекунад. «Дар ин самт саволҳое маҳфузанд, ки имрӯз бояд дар доираи гурӯҳи байналмилалӣ барои дастгирии Сурия баррасӣ шаванд», — иқтибос меорад «РИА «Новости» бо такя ба суханони вазири корҳои хориҷии Русия.
Ҷон Керрӣ дар навбати худ барои идомаи муколамаи Сурия дар Ню-Йорк изҳори умед кард. «Дар баробари ин, шумо шахсан ин мулоқотро ҳамраисӣ мекунед, ман барои кӯшишҳоятон ба шумо изҳори сипос менамоям, умедворам, мо тавонем онҳоро дар Ню-Йорк идома диҳем», — гуфт дипломати амрикоӣ

 

 

Декабрь 16, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд