Баррасии дастовардҳо ва мушкилоти панҷолаи соҳаи тандурустӣ

Декабрь 16, 2015 05:10

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — “Баррасии дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  дар соли равону  панҷ соли гузашта ва  татбиқи стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои панҷ соли оянда» мавзӯи асосии чорабинии имрӯза мебошад. Вале бояд гуфт, ки ин чорабинӣ дар марҳилаи ниҳоят муҳим ва тақдирсоз гузашта истодааст, зеро фазои ноороми ҷаҳонӣ барои аҳли башар вобаста ба ҳодисаҳои сиёсии мубориза бо экстремизму терроризми ҷаҳонӣ  суботи тамоми давлатҳоро дар хатар гузоштаанд.    Ҳар  як шаҳрванди бо нангу номуси ватандорро  имрӯз ин хатарҳо ба ташвиш гузоштааст.  Ба ҳамаи ин мушкилот нигоҳ накарда, яке аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ- ин пеш аз ҳама, таҳия ва қабули  “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010-2020” ба ҳисоб меравад, ки комилан ба дастовардҳои давраи гузашта такя намуда, вазифаҳои рушди соҳаро барои солҳои оянда муайян месозад”,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимзода 15 декабр  дар ҷаласаи  ҷамъбастии фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010-2020”. 
Бояд гуфт, ки дирӯз дар Душанбе натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010-2020”   Шарҳи якҷояи соли панҷум ва миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи мазкур (САММИТ — 5) ҷамъбаст гардид. 
Дар чорабинӣ дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи тандурустӣ, роҳҳои беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ, таҷдид ва такмили беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардиданд.

 

 

Декабрь 16, 2015 05:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд