Баррасии вазъи таҳия ва нашри китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ дар ҷаласа бо ҳузури М. Ҷабборӣ
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дирўз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи якҷояи Шўрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ду масъала: вазъи таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ ва ҳолати ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавону ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шўрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ифтитоҳ бахшида, оид ба моҳияти масъалаҳои баррасишаванда дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ ибрози назар намуд.
Доир ба масъалаҳои баррасишаванда гузориши муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова, Бозоралӣ Одинаев, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода ва сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода шунида шуда, инчунин андешаҳои аъзои дигари шўро баён гардиданд.
Бо назардошти гузоришҳо ва мулоҳизаҳои иброзшуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






