БМТ: Ҳангоми нофаҳмӣ ва ё муносибати дағалонаи кормандони низоми бонкӣ ба телефонӣ боварӣ занг занед

Декабрь 9, 2015 04:06

Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз 124 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла, 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 106  ташкилоти маблағгузории хурд, 39 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 31 ташкилоти қарзии хурд, 36 фонди қарзии хурд, 432 филиал, 1 233 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаи интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд. 
Шаҳрвандон ҳангоми пайдо шудани зарурати мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳо ё анҷом додани дигар амалиёти бонкӣ метавонанд аз хизматрасониҳои ташкилоти қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо бемамониат истифода бурда, талаботи худро қонеъ гардонанд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии БМТ, дар сурати ба миён омадани нофаҳмӣ, дучор омадан бо муомилаи сарди кормандони бахши низоми бонкӣ ва ё сар задани норасоӣ аз тарафи бахши низоми бонкӣ, муштариён метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 (Шуъбаи сиёсати қурби асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон) ва 620-05-39, 600-28-63 (Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ) муроҷиат намоянд. 
Аз ҷониби кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳалли мусбати масъалаҳои бамиёномада тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд. 

 

Декабрь 9, 2015 04:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад