БМТ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба сабабҳои худкушии корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶСП “Тоҷиксодиротбонк” Алихон Азимов, ки чанде пеш рух дод, дар якчанд сомонаи хабарии ҷумҳурӣ хабару гузоришҳо ба нашр расида, фарзия ва гумонҳои гуногун ба хонандагон пешниҳод шудаанд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз марги бармаҳали Алихон Азимов мутаассиф буда, ба наздикону азизони марҳум изҳори тассалият мекунад. Марги нобаҳангоми инсон, новобаста аз он ки чӣ гуна ва дар куҷо рух додааст, фоҷиаи бузург аст. Аммо ҳатто ноогоҳона ё надониста рабт додани ин ҳодиса ба фаъолияти як нафар ва ё як идораи дигар хатои аз он бузургтар мебошад.
Оид ба сабабҳои рух додани ин ҳодиса мақомоти дахлдор, албатта, баъди санҷиши ҳолату сабабҳои он хулосаи ҳуқуқии худро пешниҳод менамоянд. Вале дидаву дониста ба хонандагон пешкаш кардани ахбори носанҷидаву носаҳеҳ аз ҷониби баъзе расонаҳо, ки гӯё Алихон Азимов баъди ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудан худкушӣ кардааст, мавриди таассуф аст. Барои мо ҳам муаммо аст, ки ин рақаму ин фарзия бо кадом далелҳо собит мешаванд.
Бояд гуфт, ки барои вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Тоҷикистон кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ моликони ҳуқуқии онҳо, яъне бонкҳо ва ташкилоти қарзии хурдро ҷарима мекунад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти БМТ аз тариқи сомонаи расмии бонк ҳамарӯза иттилоот пахш намуда, танҳо ба ташкилоти қарзӣ тавсия додааст, ки кормандони дар ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дастдоштаро дигар ба кор қабул накунанд.
Дар ин маврид метавон гуфт, ки эҳтимоли ҷой доштани дигар омил ва ё сабаби рух додани ин фоҷиа вуҷуд дорад. Бинобар ин, умедворем, ки мақомоти дахлдор баъди таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи номбурда сабаби асосии онро муайян хоҳанд кард.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






