Боздиди Р. Раҳимзода аз сохтмони бинои шуъбачаи минтақавии Бартанг

Декабрь 14, 2015 05:05

  Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ дар вилояти Бадахшон аз ҷараёни корҳои ободонию созандагии бинои нави шуъбачаи минтақавии Бартанг боздид ба амал оварда, ба масъулин таъкид кард, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷараёни созандагию бунёдкориро вусъат бахшанд.
                Мавриди зикр аст, ки бинои шуъбачаи минтақавии Бартанг кӯҳна буда, дар ҳолати фарсудагӣ қарор дошт. Бинобар ин, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтанд, ки барои нозирони минтақаи Бартанг бинои нави дуошёнаи ба талаботи замона ҷавобгӯ ва бо тамоми шароит муҷаҳҳазро  бунёд кунанд
       Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар минтақаи мазкур босуръат ҷараён дошта, сохтмончиён бо масолеҳи зарурӣ таъмин мебошанд. 
           Вазири корҳои дохилӣ бо нозирони минтақавӣ ҳамсуҳбат шуда, таъкид намуд, ки кормандони милитсия бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлӯи мардум бошанд ва дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои  табиӣ ва дигар мушкилоти онҳо кумаку дастгирии худро дареғ надоранд.

 

Декабрь 14, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!