Бозтоби суханронии Президенти Тоҷикистон дар Париж дар расонаҳои мисрӣ

Декабрь 2, 2015 11:14

Душанбе, 2.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-1 декабр Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MENA) мақолаи хабарнигори дипломатии худ Шуҳрат Орифро дар бораи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси тағйироти иқлими СММ, ки дар Париж баргузор гардид, мунташир намуд. Дар зер матни тарҷумаи мақолаи мазкур омадааст:
 “Президенти Тоҷикистон: кишвари мо дар мавриди тағйири иқлим осебпазир мебошад, ҳарчанд ҳиссаи мо дар интишори газҳои гулхонаӣ ночиз аст.

Қоҳира, 1 декабри 2015 /Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна/ 
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кишвараш дар посух ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба муқаррароти Мувофиқатномаи Париж дар бораи нигаҳдории миёнгини ҳарорати Замин мавқеи миллии худро баён карда, дар ин раванд дар чаҳорчӯби Гурӯҳи кории Дурбан фаъолона ҳамкорӣ менамуд. Ӯ ишора кард, ки ҳиссаи кишвараш дар мизони ҷаҳонии интишори газҳои гулхонаӣ ба муҳит ночиз аст, вале бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар раванди тағйири иқлим яке аз кишварҳои осебпазир мебошад.
Инро Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар Конфронси тағйири иқлими Париж таъкид карда, матни он суханрониро Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира паҳн намуд.
    Ӯ баён дошт, ки соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯбарӯ гардидаанд. Ӯ изҳор намуд, ки Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои аслии захираҳои оби Осиёи Марказӣ буда, 60 дарсади захираҳои оби минтақа аз пиряхҳои он маншаъ мегиранд.
    Ӯ таъкид намуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар зарфи 30 соли ахир беш аз 1 ҳазор пирях нобуд шудааст.
    Ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон дар раванди таҳияи лоиҳаи мувофиқатномаи нав дар бораи тағйири иқлим бо Дабирхонаи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид  роҷеъ  ба  тағйири  иқлим  фаъолона  ҳамкорӣ  намуда,   Гузориши   сеюми миллии худро ба Дабирхонаи  Конвенсия ҳанӯз дар соли 2014 пешниҳод карда буд. Ӯ афзуд, ки кишвараш ба манзури пешгирӣ аз пайомадҳои тағйири иқлим ва созгорӣ бо он барои такмили қонунҳо, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои иҷлосияҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин росто ҳамкориро бо шарикони байналмилалии худ идома дод.
    Гузашта аз ин, ҳоло Роҳбурди миллии созгорӣ бо тағйири иқлим таҳия мегардад, ки қабули он дар аввали соли 2016  пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон, бино бар гузориши Бунгоҳи байналмилалии неру, дар соли 2010 дар мавриди интишори гази дуоксиди карбон (СО2) ҷойи 135-умро ишғол менамуд, дар раванди рушди иқтисоди худ, ба вежа дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, ба  масъалаҳои коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
    Ӯ ёдовар шуд, ки кишвараш ба истифодаи муассири манбаъҳои неруи таҷдидпазир, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, созгории аҳолӣ бо тағйири иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои авлавиятноки фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ ишора намуд, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии кишвар таъмир, таҷдид ва бунёди неругоҳҳои обӣ идома дошта, барои тавсеаи шабакаҳои интиқоли барқ,  чӣ дар дохили кишвар ва чӣ ба манзури пайвастани онҳо бо дигар кишварҳои минтақа тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.”

 

Декабрь 2, 2015 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд