Британия: Русия бояд барои боздоштани ҷанг дар Сурия ба эътилоф кумак расонад

Декабрь 12, 2015 07:17

Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Русия бояд дар Сурия нақши созандаро бозад ва барои боздоштани ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар ба эътилоф таҳти роҳбарии ИМА кумак расонад, — изҳор дошт вазири дифои Британияи Кабир Майкл Фэллон пас аз музокирот бо роҳбари Пентагон Эштон Картер.
«Мо аз аввал мегуфтем, ки агар Русия мехоҳад ба Сурия, ҷое ки ӯ нуфуз дорад, кумак расонад, ӯро мебояд дастгирии низоми президенти Сурия Башор Асадро қатъ карда, барои боздоштани ҷанги шаҳрвандӣ ба мо кумак расонад, ба бомбаборон кардани гурӯҳҳои мухолиф, ки муқобили низоми Асад мубориза мебаранд, хотима бахшад ва дар раванди гузариши Сурия ба ояндаи гуногунандешӣ нақши созанда бозад», — гуфт Фэллон.
Шурӯъ аз 30-юми сентябр бо дархости президент Башор Асад Русия ба задани зарбаҳои ҳавоии нишонрас ба нуқтаҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат ан-Нусра» дар Сурия сар кард. Дар ин муддат, ҚКҲ бо иштироки гурӯҳи киштиҳо аз баҳрҳои Хазар, Сиёҳ Миёназамин садҳо нафар ҷангиён ва ҳазорҳо иншооти террористонро  нобуд карданд. 
Дар баробари ин, эътилофи зидди ДОИШ-и таҳти роҳбарии ИМА бе доштани ваколати дахлдор аз мақомоти Сурия дар ин кишвар зарбаҳои ҳавоӣ мезанад. Русия бо эътилоф оид ба парвози ҳавопаймоҳо табодули маълумот мекунад, аммо ҳамоҳангсозии зич то ҳол вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, Ғарб Русияро айбдор месозад, ки он на танҳо нуқтаҳои террористон, балки мавқеъҳои ба ном мухолифини муътадилро низ бомбаборон мекунад. Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ин иддаоро беасос мехонад.

 

Декабрь 12, 2015 07:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!