Бунёдгузори давлат ва дўстдори миллат

Декабрь 19, 2015 04:30

Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Эмомалӣ Раҳмон мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкори халқу миллат ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дўст медорад. Баҳри беҳбудию некўаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ўро халқ дўст медорад ва эҳтиром менамояд.
Натиҷаи ҳамин дўстдорист, ки 9-уми декабри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии худ Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуданд. Воқеан Ҷаноби Олӣ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвони олӣ арзанда ва шоиставу боиста аст. Ин дўстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлолияти давлатии Ватани азизамон пеш аз ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст. 
Дар зарфи зиёда аз бисту чор соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз бисту се соли Президенти мамлакат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ тағйир бахшид. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои саноатӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковату хирадмандии Президенти азизи мо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 
Сиёсати ў дар доираи бунёдкорӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ватандорӣ амалӣ гардид ва мегардад. Ҷанги таҳмилӣ ва хисороти моддии он беш аз сад миллион долларро ташкил дод. Зиёда аз 120 ҳазор нафар одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. 
Хурсандибахш он буд, ҳаҷми Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 баробар шуд. Дар самти сармоягузории хориҷӣ бо фаро расидани сулҳу оромӣ сол то сол бештар, барномаҳои зудамали рушди иқтисодӣ қабул гардиданд. Нерўгоҳҳои обию барқӣ, нақбҳо, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ бунёд ёфтанд. Се ҳадафи пешгирифтаи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ давра ба давра ҳалли ниҳоии худро ёфта истодааст.
Ҳамин тариқ, пешрафти ҷомеа чи дар сиёсати дохиливу хориҷӣ, чи дар бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маориф, илму маърифат эҳсос карда мешавад.
Падари бузургвори ман-Ҷўрабой Кенҷаев, узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ,ки зиёда аз 50 сол ҳамчун хизматчии давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Рўдакии ноҳияи Панҷакент ифои вазифа намуда, имрўз ба нафақа баромада аст, муждаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» -ро шунида аз хурсандии беҳадду ҳудуд аз ман ҳамчун фарзанди рўзноманигораш эҳтиромона хоҳиш намуд, ки арзи дили ў ва мардуми диёри Рўдакиро нисбати ин пайки деринтизор иброз намоям.
Ва бароям таъкид кард, ки мо аз доштани чунин Роҳбари одилу оқил ва абармарди сиёсату хирад бояд ифтихор намоем ва дар атрофаш боз ҳам муттаҳид шавем. Инчунин иброз дошт, ки мурғи ҳумо парвоз карду омаду ба сари китфи Эмомалӣ Раҳмон нишаст ва ў марди Худодод аст, мо бояд шукронаи ин марди сулҳофар ва ғамхори аҳли кишвар намоем.
Мо нафақахўрон гуфт падарам ба ман ,сари вақт нафақаамонро мегирем ва инчунин ҳар сол ҳаҷми нафақаамон бо дастгирии Ҷаноби Олӣ 20-25% (фисад) зиёд мешавад садҳо ташаккур мегўем. Илова бар ин афзуд, ки агар солҳои пеш мо тавассути ағбаи «Анзоб» бо азобу уқубат ба маркази пойтахт мерасидем. Имрўз бошад бо тай кардани масофаи кўтоҳ ба воситаи нақби «Истиқлол» ва феълан дар давоми 3-4 соат бо шоҳроҳи ҷавобгўй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ аз деҳаи дурдасти Артуч ба шаҳри Душанбе ҳозир мегардем. Ҳамаи ин натиҷаи сулҳу салоҳ,оромию осудагӣ ва хизматҳои бемислу монанди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо ба чашми сар д идем ва шоҳиди ифтитоҳи онҳо гардидем.
Ман шахсан Ҷаноби Олиро аз наздик бори аввал рў ба рў дар зодгоҳи Маликкушуаро устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ зимни мулоқоташон бо мардум вохўрда будам ва он кас бо мо кормандони масъули ҷамоати деҳот, ки мутасаддии пешвозу гусел будем даст фишурда салом карда будем худро хушбахтарини хушбахтҳо меҳисобем. Ва боз мо аз он ҷиҳат хушбахтем, ки дар ду аср зиндагӣ карда, дар даврони роҳбарии ин шоҳи одилу оқил кору фаъолият менамоем. Гузаштагони мо мақоле доранд, ки «Подшоҳ сояи Худованд дар рўйи замин аст». Бинобар ин моро зарур аст, ки боз ҳам эҳтиромашро ба ҷой биёрему шукронаи ҷону тани Сарвари давлату кишвари ободу зебоямон намоем.
Хулоса ,мо пиронсолон пайваста дуогўи ҷони Президентамон буда, хоҳони онем, ки ба бахти мулку халқамон сарварии ин сиёсатмадори ҳамадону ҳамабин кош абадӣ бошаду тамоми нақшаву ниятҳои бунёдкоронаашонро баҳри ободии Тоҷикистони азизамон беш аз пеш амалӣ намоянд!
Оре, халқи кишвар Президенти худро дорад ва онро дўст медорад, арҷ мегузорад, хидматҳояшро қадр менамояд. Зиҳӣ ,Эмомалӣ Раҳмон! 

Оре,Марде,ки мадори Тоҷикистон бошад, 
Қалбаш ҳама кони шону имон бошад.
Маҳбуби дили мардуми Раштон бошад,
Бисёр  азизи  Суғду  Хатлон  бошад,
 Чун кӯҳи сахобахши Бадахшон бошад,
В-андар тани сулҳпарварон ҷон бошад,
Фархундапай Эмомалӣ Раҳмон бошад.

Мухбирҷон Кенҷаев,
рўзноманигор — иқтисодчӣ

Декабрь 19, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид