Бунёди 23 корхонаи хурди истеҳсолӣ дар Конибодом
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодом дар солҳои 2011-2015» ва муҳокимаи «Барномаи рушд барои солҳои 2016-2020» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа перомуни лоиҳаҳои барнома, ки дар солҳои 2011-2015 амалӣ гардиданд, сухан рафта, зикр гардид, ки дар ин муддат аз 240 лоиҳа 107 ададаш бо маблағи 32 млн. 195 ҳазор сомонӣ амалӣ шуда, 62 лоиҳаи дигар ба маблағи 11 млн. 100 ҳазор сомонӣ мавриди амал қарор дорад.
Дар натиҷаи татбиқи барнома зиёда аз 61 км заҳбур, 11 км каналу ҷӯйбор, 116 нуқтаи обтаъминкунӣ таъмир гардида, ҳолати мелиоративии 370 га замин беҳтар шуд. Ҳамчунин кӯдакистони №10 дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, 23 корхонаи хурди истеҳсолӣ, 3 мактаби нав бо 1460 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Дар бахшҳои инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ сатҳи зиндагии зиёда аз 26 ҳазору 420 нафар зан беҳтар шуд.
Зимни ҷаласа пас аз натиҷагирии «Барномаи рушди солҳои 2011-2015» лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2016-2020» ба маблағи 759 млн. 281 ҳазор сомонӣ пешбинӣ ва муҳокима шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






