Чорабиниҳои «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кўлоб

Декабрь 18, 2015 03:28

Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ  шуданд. Дирўз дар мақомоти иҷроияи шаҳр бо иштироки роҳбарияти шаҳри Кулоб, созмони ҷавонони ҲХДТ, фаъолони шаҳр ва аъзои фаъоли ҲХДТ ҳамоиш доир шуд. 
Зимни чорабинӣ  иштирокдорони ҳамоиш аз қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» гарм истиқбол намуда, онро барои рушду такомули миллат, таҳкими сулҳу субот ва таъмини ояндаи неки сокинони кишвар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҳамоиши ҷавонон доир  шуда, ба ҷавонон перомуни хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ, мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ба ном исломӣ суҳбати судманд анҷом дода шуд. Дар чорабинӣ бо даъвати ТҶҶ «Созандагони Ватан» коршиносони масоили динию мазҳабӣ, устодону кормандони соҳаҳои мухталиф сухан гуфта, ба суолоҳои сершумори донишҷӯёну ҷавонони Кўлобшаҳри бостонӣ посух гуфтанд.
Чорабиниҳо дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, ифтихор аз меҳану ватани соҳибистиқлол ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст гардиданд.
Дар назар дошта шудааст, ки чунин вохўриҳо дар дигар донишкадаву коллеҷҳои шаҳри Кўлоб доир шуда, ҷавонон ба корҳои хайру созандаи ҷамъиятӣ даъват  шаванд.

 

Декабрь 18, 2015 03:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа