Дар Белгия ду нафар бо гумони даст доштан дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ боздошт шуданд
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Прокуратураи Белгия эълом дошт, ки ду нафарро бо гумони даст доштан дар ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Брюссел боздошт кардааст, иттилоъ медиҳад «РИА Новости».
Ҳамзамон полиси Вена чанде қабл иттилоъ дод, ки аз «хадамоти дӯстона» оид ба ҳамлаҳои террористии эҳтимолӣ дар давраи ҷашнҳои зимистона дар як зумра пойтахтҳои мамолики Аврупо маълумот гирифтааст. Вале полиси Вена ҳамчунин зикр намуд, ки дар иртибот ба чунин нақшаҳо тафтишот натиҷаҳои мушаххасу муайян надод.
Бино ба гуфтаи намояндаи прокуратураи Белгия, дар натиҷаи кофтуковҳо, ки 27 ва 28 декабри соли ҷорӣ дар Брюссел, вилояти Брабант, Леже ва гирду атрофи он гузаронида шуданд, шаш нафар боздошт гардид. Ду нафари онҳо ҳабс гардида, чор тани дигарашон озод карда шуданд.
Ба гуфтаи муфаттишон, онҳо аъзои гурӯҳи террористӣ ва ташкилкунандагони эҳтимолии силсилаҳамлаҳо дар Брюссел дар давраи то 1 январ мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






