Дар фаъолияти 12 нуқтаи мубодилаи асъор камбудиҳои ҷиддӣ ошкор шуданд
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар натиҷаи санҷишҳои гурӯҳҳои муштараки кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор, ки 3 ва 4 декабри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе гузаронида шуданд, дар фаъолияти 12 нуқтаи мубодилаи асъор камбудиҳои ҷиддӣ ошкор шуданд.
Маълум гардид, ки кормандони як зумра нуқтаҳои мубодилаи асъор бо фармоиши саридораи ташкилоти қарзӣ аллакай фаъолияти худро боздоштаанд. Бо вуҷуди он ки дар ин рӯзҳо шумораи ҳолатҳои бешомаду камомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор кам гардида бошад ҳам, камбудиҳо дар фаъолияти баъзе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК Ориёнбонк, ҶСК Тоҷиксодиротбонк, ҶСП БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк, ҶСК Агроинвестбонк, ҶСК Соҳибкорбонк ва ТАҚХ Васлат, аз қабили мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридора ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин ошкор шуд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК Тоҷиксодиротбонк, воқеъ дар даромадгоҳи бозори Варзоб Ф. Абдуллоев дар ҳолати доштани асъори хориҷӣ ба хотири ҳаннотӣ аз фурӯши асъор бо қурби муқарраршуда ва қонеъ кардани талаботи мизоҷон худдорӣ мекардааст.
Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ҶСК Ориёнбонк, ҶСК Тоҷиксодиротбонк, ҶСП БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк, ҶСК Соҳибкорбонк, ҶСК Агроинвестбонк ва ТАҚХ Васлат чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида шуда, ба ин ташкилоти қарзӣ тавсия дода шуд, ки кормандони он нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ ҷой додаанд, аз кор озод намоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






